Форуми якум дар мавзуи “Нақши ҷавонони Бадахшон дар рушди соҳибкорӣ”

Дар доираи амалисозии лоиҳаи "Тавсеаи ваколатҳои ҷавонон дар расидан ба рушди устувор” (YES to Change), ки аз тарафи Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ шудааст, дар шаҳри Хоруғ бо иштироки намояндагони ҳамаи (7) ноҳияҳои ВМКБ анҷумани нахустини солона оид ба нақши ҷавонон Бадахшон дар рушди соҳибкорӣ баргузор мегардад. Мақсади анҷуман- беҳтар намудани сохторҳои ҳамкорӣ ва механизмҳои муколама оиди мусоидат ба иштироки ҷавонон дар ҳаѐти иҷтимоӣ ва иқтисодии ҷомеаҳои худ тавассути форумҳои ҷавонон ва дигар фаъолиятҳои шабакавӣ, инчунин мусоидат намудан ба иштироки ҷавонон дар рушди соҳибкорӣ мебошад.

Барои ноил гаштан ба ҳадафи мазкур, DVV International (Тоҷикистон) бо се ташкилотҳои маҳаллӣ, аз ҷумла Ташкилоти Ҷамъиятии (ТҶ) «Мадина» (Хоруғ), ки бахши рушди соҳибкории ҷавононро амалӣ мекунад, ҳамкорӣ мекунад. Бахши мазкур аз ҷузъҳои зерин иборат аст: а) курсҳои омӯзишӣ оид ба «Соҳибкории худро оғоз намо ва рушд деҳ”; б) дастгирии грантӣ ба лоиҳаҳои соҳибкории ҷавонон, ки аз ҷониби 420 нафар хатмкардагони курсҳои омӯзишӣ пешниҳод карда шудаанд, ва в) рушди ҳамкориҳо ва иштироки ҷавонон дар ҳаѐти иҷтимоӣ ва иқтисодии ҷомеаҳои худ иборат аст

Дар доираи иҷрои бахши сеюм (с), ТҶ «Мадина» нахустин анҷумани солонаро дар мавзуи “Нақши ҷавонони Бадахшон дар рушди соҳибкорӣ” бо намояндагии 50 нафар аз ҷумлаи иштирокчиѐни барномаҳои таълими соҳибкорӣ ва грантӣ, тарафҳои манфиатдор (мураббиѐн ва мушовирон), намояндагони ҳукуматҳои вилоятӣ ва ноҳиявӣ, соҳибкорони маҳаллӣ, ВАО ва шарикон аз ҳамаи 7 ноҳияи ВМКБ доир мекунад. Дар назар аст, ки анҷумани мазкур соҳибкорони табақаҳо ва сатҳи гуногуни таҷриба ва инчунин ҷонибҳои манфиатдорро ба ҳам оварда, муҳити мавҷудаи рушди соҳибкорӣ, тамоюлҳо, эҳтиѐҷот, монеаҳо ва дастовардҳои онро муҳокима мекунад. Ҳамчунин, дар назар аст, ки ин анҷуман ба сифати як нуқтаи оғози ҳамкориҳои тиҷоратии ҷавонон, ки мақсадаш рушди иқтисодии умумӣ ва беҳтар намудани фазои соҳибкорӣ аст, хизмат мекунад. Анҷуман имрӯз дар шаҳри Хоруғ- дар маҷлисгоҳи меҳмонхонаи «Деҳлӣ Дарбар», миѐни соатҳои 08.30 ва 14.00 баргузор мегардад.

Маълумоти умумӣ: Институти ҳамкориҳои байналмилалии Ассотсиатсияи таълими калонсолони Олмон (DVV International) ин лоиҳаи 3-соларо дар доираи барномаи «Ширкат дар сулҳофаринӣ»-ии
Иттиҳоди Аврупо моҳи марти соли 2015, оғоз намудааст.

Лоиҳа аз тарафи Иттиҳоди Аврупо дар ҳаҷми 80% (=494,096 евро) ва аз тарафи Вазорати  федералии Олмон оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ ва рушд дар ҳаҷми 20% (=130,904 евро) маблағгузорӣ карда мешавад Фаъолияти лоиҳа ҳамаи 7 ноҳияҳои Бадахшон ва шаҳри Хоруғро дар бар мегирад.

ПРЕСС-РЕЛИЗ >>

Cookie-Settings
YOU ARE LEAVING DVV INTERNATIONAL
Important notice: If you click on this link, you will leave the websites of DVV International. DVV International is not responsible for the content of third party websites that can be accessed through links. DVV International has no influence as to which personal data of yours is accessed and/or processed on those sites. For more information, please review the privacy policy of the external website provider.