Дастрасии ҷавонон ба маълумоти касбӣ беҳтар мешавад

Моҳи марти соли 2015, бо дастгирии Иттиҳоди Аврупо Муассисаи ҳамкориҳои байналмилалии Ассотсиатсияи таълими калонсолони Олмон (DVV International) як лоиҳаи нави 3-соларо бо номи «Тавсеаи ваколатҳои ҷавонон оид ба рушди устувор ва тағйирот” оғоз намуд, ки он дар доираи барномаи “Ширкат дар сулҳофаринӣ”-и Иттиҳоди Аврупо амалӣ карда мешавад. Лоиҳаи мазкур аз тарафи Иттиҳоди Аврупо (494 096 евро=80%) ва Вазорати федералии Олмон оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ ва рушд (130 904 евро=20%), маблағгузорӣ мешавад. Фаъолияти лоиҳа 7 ноҳияҳои ВМКБ ва маркази он- шаҳри Хоруғро дар бар мегирад.

Лоиҳа ният дорад, ки зарфияти ташкилии Маркази таълими калонсолони Бадахшонро оид ба таълими касбии ҷавонон дар ҳамаи 7 шаҳру ноҳияҳо таҳким бахшад. Барои ноил шудан ба ин, лоиҳа чизҳои зеринро ба нақша гирифтааст:

1. Таҳкими зарфияти дохилии ташкилот ва ҳайати шахсии МТК Хоруғ тавассути таълим аз мавзӯъҳои:

а) “Муайян намудани эҳтиёҷот ба омӯзиш касбӣ дар бозори маҳаллии меҳнат”;

б) «Рушди захираҳои инсонӣ»;

в) «Банақшагирии стратегӣ»;

г) “4 Курсҳои касбӣ нав”.

д) Таъсиси гурӯҳи 16 нафараи мураббиён оид ба 4 курсҳои касбӣ.

 

2. Таҳкими зарфияти техникии МТК ш Хоруғ, тавассути:

а) Ҳадя кардани автомашина барои оғози курсҳои касбии сайёр;

б) Таҳияё мутобиқ гардондани 4 адад маводҳои омӯзиши касбӣ ва супоридани онҳо ба МТК;

в) Ҳадя намудани асбобу олоти марбут ба 4 касб ба МТК;

г) Дастгирии молиявӣ барои таъмин намудани курсҳои сайёри кссбомӯзӣ бо маводҳои корӣ;

д) Ба роҳ мондани барномаи сайёри курсҳои касбӣ, барои беҳтар намудани дастрасии деҳоти дурдаст ба таҳсилоти касбӣ.

Барнома тадрис ва шаҳодатномаи 560 ҷавононро аз 7 ноҳияи вилоят оид ба 4 касби тариқи тадқиқот ҳамчун зарурӣ муқарраргардида ба нақша гирифтааст. Ҷавонони ин барномаро хатмкарда метавоннд ҳамчунин аз 2 бахши дигари ҳамин лоиҳа ҳам манфиат гиранд ва дар онҳо иштирок кунанд: бахши “Дастрасии ҷавонон ба барномаи грантии “Бизнеси худро шурӯъ намо”, ки аз тарафи та ташкилоти ҷамъиятии маҳаллии «Мадина» (шарики Лоиҳа) амалӣ карда мешавад ва ҳамчунин барномаи омӯзиш ва грантии «Маърифати шаҳрвандӣ», ки аз тарафи ташкилоти дигари ҷамъиятии маҳаллии «Қалам» амалӣ карда мешавад.

Cookie-Settings
YOU ARE LEAVING DVV INTERNATIONAL
Important notice: If you click on this link, you will leave the websites of DVV International. DVV International is not responsible for the content of third party websites that can be accessed through links. DVV International has no influence as to which personal data of yours is accessed and/or processed on those sites. For more information, please review the privacy policy of the external website provider.